Амонуллои Ҳукуматулло, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни як нишаст, ки дар Душанбе баргузор гардид, ба масъулини соҳа супориш дод, ки донишҷӯёне, ки аз ҳисоби ин корхона мактабҳои олии шаҳрҳои Москва ва Харковро хатм намудаанд, бо ҷои кор таъмин гардида, маошашон на камтар аз 1500 сомонӣ бошад.
Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, номбурда зимни баромадаш иброз намудааст, ки дар ин самт комиссияи махсус таъсис дода, масъалаи захираи кадрҳоро дида бароянд: «Ба тарбияи мутахассисони ҷавон аҳамияти ҷиддӣ дода, онҳо бо ҷои хоб ва дигар шароитҳои хуби корӣ таъмин карда шаванд. Пешравии кор дар корхона аз дониши мутахассис вобаста аст, аз ин ҷост, ки ба кор фақат мутахассисони болаёқатро ҷалб бояд кард».
Мӯҳр