Бахшҳо

БҶ дар Тоҷикистон модели нави муносибати давлатро ба соҳибкорон пешниҳод кард

Созмони молиявии байналмилалӣ, яке аз зерсохторҳои Бонки ҷаҳонӣ дар натиҷаи омӯзиши муҳити соҳибкории Тоҷикистон муайян кардаст, ки мушкилоти бахши хусусӣ дар кишвар ба  дахолати ниҳодҳои давлатӣ рабт мегиранд.


Тибқи иттилои намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, рӯзе пеш бо натиҷаҳои пешакии омӯзиши мазкур, аллакай намояндагони бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ шинос шудаанд.  Намояндагони бонки ҷаҳонӣ мегӯянд дар кишвар мушкилоти асосии корхонаҳо, соҳибкорони инфиродӣ  ва хоҷагиҳои деҳқонӣ  тақрибан якхелаанд ва асосан зимни муносибат ниҳодҳои давлатӣ сурат мегиранд.  Бо назардошти мушкилзо будани муносибати ниҳодҳои давлатӣ барои рушди тиҷорату соҳибкорӣ дар Тоҷикистон зимни муаррифии натиҷаҳои омӯзиш пеш аз ҳама роҳҳои ҳавасмандкунии ниҳодҳои давлатӣ барои хизматрасонии беҳтар ба бахши хусусӣ баррасӣ шудаанд.   
Аз ҷумла, таҳиягарони омӯзиш ба хулоса омадаанд, ки дар Тоҷикистон бояд модели муносибати ниҳодҳои давлатӣ бо намояндагони бахши хусусӣ нав гардад. Аз модели мавҷуда, ки ниҳодҳо ба назорати меъёрҳои гуногун машғуланд, зарур аст, ки ба намояндагони бахши хусусӣ ҳамчун ба муштарӣ муносибат намоянду розигии муштарӣ сармашқи корашон бошад.
Ин модел ба гуфтаи намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар муносибати давлату бахши хусусӣ дар Тоҷикистон таҳавуллот хоҳад овард.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)