Дар Доғистони Русия имоми масҷиди деҳаи Қарамоҳӣ кушта шуда, масҷид оташ зада шудааст.
Тавре хабар дода мешавад, имомхатиб Муҳаммадкомил Ғамзатов ва як сокини ин ноҳия дар масҷид аз сӯи чор нафар ашхоси номаълум, ки ба масҷид зада даромадаанд, ба қатл расонида шудаанд. Баъдан қотилон дигаронро маҷбур кардаанд, то ҷасадҳо ва нусхаҳои Қуръонро аз масҷид берун биёранд ва сипас масҷидро оташ задаанд.
ВКД-и Доғистон дар қиболи ин ҳодиса аллакай парвандаи ҷиноӣ боз карда, корҳои фаврӣ ҷустуҷӯиро идома дода истодаанд.
Гуфта мешавад, Муҳаммадкомил Ғамзатов, яке аз рӯҳониёни саршиноси Доғистон будааст, ки доиман алайҳи ҳама гуна хушунату зӯроварӣ баромадҳо карда, амалоти силоҳбадастонро ошкоро маҳкум менамудааст.
Мӯҳр