Дар ин бора котиби матбуоти РКД-и вилояти Ӯши Қирғизистон Замир Сиддиков иттилоъ додааст.
Бино ба маълумоти манбаи хабар чанде пеш як сокини ин минтақа ба пулис ду фитаи сабти маводҳои исломидоштаро овардааст ва гуфтааст, ки шахси номаълуме ин фиттаҳоро ба ӯ дода сахт таъкид кардааст, то онҳоро тамошо кунад.
Аз рӯи ин ҳодиса пулис фавран парвандаи ҷиноӣ боз карда, гумонбаре барои паҳн кардани маводҳои экстремистӣ боздошт шудааст, ки дар қайди пулис ҳамчун узви ин созмони “Ҳизб-ут-таҳрир” номнавис будааст. Номбурда 34 сол дошта, пештар 3 маротиба паси панҷара фиристода шудааст.
Боздоштшуда ҳамчунин бо унвони “Муовини амир” мушарраф шудааст. Оҷонсии 24.kg иловатан хабар додааст, ки аз хонаи боздоштшуда 7 дастуруламал, 10 варақаи таблиғотӣ, фиттаҳои экстремистӣ ва компютери дорои файлҳои экстремистӣ мусодира карда шудааст.
"Ҳизб-ут-таҳрир" соли 1953 ташкил шуда, аъзои он барои пойдор кардани хилофати араб дар тамоми дунё кӯшиш мекунанд. Фаъолияти ин созмон дар аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст.
Мӯҳр