Масъулини Шӯрои ҳамоҳангсозии асосиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон мегӯянд дар кишвар бисёре аз тоҷирони муваффақ аз имиҷсозӣ худро канора мегиранд.
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи намояндагони Шӯро дар кишвар соҳибкорони муваффақ, ки дониши фаннӣ ва тафаккури боло доранд бисёранд. Аммо аксарашон ба ҳамин фикранд, ки агар дар бораи имиҷ ё рекламаи корхонаашон гап зананд, пагоҳ ба далели намоишкорӣ аз ҷониби кадом мақомоте мавриди фишор қарор мегиранд.
Ин дар ҳолест, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ дар тамоми кишварҳо ҳар як соҳибкор аз паи имиҷи худ, муаррифии фаъолияташ меравад, то ки молу хизматрасониҳои ӯро шиносанд.
Дар қатори чораҳое, ки Шӯрои ҳамоҳансозӣ барои ташаккули имиҷи соҳибкорони тоҷик амалӣ мекунанд, масъулин зери роҳбарии раиси асосиатсияи менеҷерон ва маркетологҳо, доктор Шафқат Бозоров гузарондани як қатор чорабиниҳоро ном бурданд, ки ба ташаккули имиҷ ва муаррифии соҳибкорони фаъолу пешрав равона шудаанд.
Мӯҳр