Маоши кормандон дар баробари он, ки миёни кишварҳо ИДМ камтарин аст, инчунин дар бисёри ҳолатҳо саривақт пардохт намешавад.
Тибқи иттилои расмӣ ба ҳолати аввали моҳи майи соли ҷорӣ қарздории маош дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ҷой дорад. Аз ҷумла, корфармоёни Тоҷикистон дар бахши воқеии иқтисод маоши кормандонро дар ҳаҷми 21 миллиону 100 ҳазор сомонӣ пардохт накардаанд.
Ҳаҷми маоши миёна дар бахши воқеии иқтисод, ба иттилои Агентии омори кишвар аввали моҳи май баробари 431 сомонӣ шудаст, ки дар муқоиса бо апрели соли гузашта 14,1 фоиз зиёд аст.Бо вуҷуди афзоиш маош дар Тоҷикистон аз нигоҳи ҳаҷм ҳатто дар сатҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ночизтарин маҳсуб меёбад.
Тибқи иттилои Кумитаи омори ИДМ, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми маоши миёна дар қатори 9 кишвари ин созмон аз ҳама охир меистад. Аз ҷумла дар Қирғизистон маоши миёна дар моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба Тоҷикистон ду маротиба зиёдтар, - 9,7 ҳазор сом ё 208 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Кумитаи омори ИДМ дар ҳудуди созмон маоши баландтаринро дар аввали соли ҷорӣ дар Русия ба қайд гирифтаст, ки баробари 23,8 ҳазор рубли русӣ ё 801 доллари амрикоӣ аст. Дар зинаи дуюм Қазоқистон қарор дорад, ки маоши миёна дар моҳи феврал дар ин кишвар баробари 92,2 ҳазор тенге ё 625 доллари амрикоӣ мебошад. Рӯйхати сегонаи пешсафтарин бо Озарбойҷон хотима меёбад, ки маоши миёнаи кормандон дар ин кишвар 368 манат ё 469 доллари амрикоиро ташкил менамояд. Ҷои чорумро аз рӯи ҳаҷми маоши миёна Беларус бо нишондоди 360 доллар соҳиб шудаст. Дар пайи он Украина -339 доллар, сипас Арманистон 268 доллар ва баъдан Малдова бо маоши миёнаи 268 доллари амрикоӣ қарор гирифтаанд. Камтарин нишондод дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаст, ки баробари 115 доллари амрикоӣ аст.
Мӯҳр