Солҳоест, чи бедод, ки бар дод гузашт...
Ниёиши кӯдаконаКош рӯзе бирасад
Аҳли ин шаҳраку ҳар шаҳри дигар,
Зери оҳанги азон,
субҳгаҳе,
Ҳамаи панҷараро сӯи Худо боз кунанд.
Кош рӯзе бирасад
Ишқ як ҳодиса не,
Оини зиндагии пок шавад,
Осмон оинаи хок шавад.
Дастҳоро ҳама фарзанди башар
Боли парвоз кунанд...
Кош рӯзе бирасад
Ҳамаи шефтагони раҳи Ҳақ
Зери як парчами меҳр,
На буданро,
Зистанро,
Ҳамчу як таҷрибаи навтарин оғоз кунанд…
БеҳудаСолҳоест,
чи бедод, ки бар дод гузашт,
Касали бетарафӣ ҳам зи ҳади ҳод гузашт,
Шаҳр дар хоби сукут мепӯсад,
Шоире нолакунон аз гузари бод гузашт...
Тасвири рӯзНола омор надошт,
Ростӣ муштарие дар ҳама бозор надошт
Ва тарозуи адолат, ки харидор надошт,
Баҳри ҳақ ҳеч касе хоҳиши пайкор надошт.
Аҳли ободии мо кӯру кару лол магар?
Ҳеч кас бар ғами ҳамсояи худ кор надошт.
Боз гӯям;
Ҳарфи бас зан, ки зи фоҳишагарӣ ор надошт,
Ҳам зи мулло, ки хиёнат ба диёнат кардаст?
В-аз ҳама шоираконе, ки ба ҷуз мадҳия ашъор надошт...
Оҳ,
баъди ҳама ин ҳарфу далел
Метавон гуфт магар:
Умри мо ғуссаи бисёр надошт,
Ишқ озор надошт?
ШоҳкорБо диле озурдаву рухсори зард,
Зиндагиро хонда майдони набард,
Шоире,
дар ҷустуҷӯи ҳарфи нав
Мардро бо дард ҳамқофия кард...
ИсёнгарБаски дил аз кӯдакӣ бар субҳи содиқ бастаам,
Риштаи пайвандро бо тирашаб бигсастаам.
Бо сари худ борҳо бишкастаам деворҳо,
Дар куҷо гуфтам; зи боварҳои захмӣ хастаам?
Тасвири хушбахтӣ(Сюрреализм)Бонуе дорад ба покии зулоли чашмаҳои кӯҳсор,
Хонае дорад ду ҳуҷра сиву анде метр, аммо ба паҳнои дили дарёияш,
Ду гилему тилвизори кӯҳнаеву чандто болину бистар,
Ҷолибосиву ду духтар, як писар,
Беш аз инҳо намедонам чиҳо бошад дигар дороияш.
Бисту анде сол шуд, ки соати панҷи саҳар аз хоб мехезад ҳаме,
То намонад дер аз файзи саҳар,
Ва бубинад аз ТВТ, ки дар олам чи хабар.
Соати ҳашти саҳар ҳам меравад бар коргоҳ,
Мешавад то соати ҳаждаҳ дар он ҷо
машғули ҳал кардани ҳар мушкили ҳар муштарӣ,
Дар идора ӯст бар бахши умумӣ роҳбар.
Ҳеч шоме бар тарабхона нарафт, (Маблағ надошт!)
ӯ тамоми умр боре ҳам набӯсида лаби ҷоми шароб,
Ҳеч гаҳ, ҳатто барои дилхушии дигарон ҳам як сигоре дуд накард.
Бо ҳама, чи ношиносу чи шиносе меҳрубон буду шафиқ,
Ҳеч кас гуфтан наметонад, ки ӯ кори фалонро буд накард.
Ҳеч кас аз ошнову ҳамраҳони ӯ наметонанд гуфт,
Ки фалон коре, касе, боре варо озурда буд.
Чеҳраи камрангу пурожангдошт,
Ки ба рӯи он ба мисли пардае
Нимтабассуме ва шояд заҳрханди доимие мурда буд.
Ҳеч гаҳ аз ҳеч чизу ҳеч кас на шиква карду не гила,
Ҳеч гаҳ дар ҳеч коре ҳам набуда дудила.
Қисса кутаҳ, ӯ дар он дунёи худ хушбахт буд,
Ки барои чун мане ҳатто тасаввур карданаш ҳам сахт буд.
Пурсиши газандаИн чи қонунест, охир,
Ин чи қонуне, ки мехонад ҷиноят
Саф кашиданро алайҳи зулму бедод?
Ин чи меъёре, ки медонад ҳамоқат
Хоҳиши маъмулии бурдан бар сар дар мулки обод?
Ин магар айб аст, охир,
Орзӯи дидани ҳаммеҳанонат дар рифоҳи комилу шод?
Бештар аз ин ҳама,
Ин магар хоҳиши аз андоза беш аст,
Зистан монанди як инсони озод?
Иқрори захмӣМо ба оини садоқат сахт бовар доштем,
Ишқро оғози бас муъҷиза мепиндоштем.
Субҳгоҳи ин шаби ялдо ба расми ростӣ
Мо дирафши ҳақталоширо баланд афроштем.
Тирашаб аз раҳ расиду ҳеч кас парво накард,
Ки зи баъди субҳгоҳон мунтазири чоштем...
Хирсро дар ноилоҷӣ Хизр гуфтему кунун
Вой бар мо, ҳосили он киштаро бардоштем.
Дигарон бо чоплусӣ симу зар анбоштанд,
Мо ба якрӯи зи ғамҳо хирмане анбоштем.
Насли хушбовар будему бо умеди рӯзи нек
Дар кавире донаҳои орзӯро коштем.
Зафари Сӯфии ФАРҒОНӣ
Мӯҳр