Имрӯз, 29-уми июн дар Душанбе таҳти раёсати президенти кишвар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Тоҷикистон сурат пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур пас аз тасдиқи нақшаи кори ҳукумати барои нимсолаи дуюми соли равон, ки масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис буд, ҳисоботи Вазири кишоварзӣ дар бораи татбиқи амалии Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ барои солҳои 2007-2015 шунида шуд.
Бино ба қавли Қосим Қосимов, то қабули барномаи мазкур дар Тоҷикистон 8 корхонаи паррандапарварӣ бо 495 ҳазор сар парранда фаъолият карда, солона ҳамагӣ 24 миллион дона тухм истеҳсол мекарданд. Ҳоло шумораи корхонаҳои паррандапарварӣ ба 18 адад расида, ки 9 -тоашро соҳибкорони инфиродӣ бунёд намудаанд. Дар ин корхонаҳо зиёда аз 1,5 миллион парранда парвариш меёбад. Соли 2011 онҳо 151 миллион дона тухм истеҳсол намуданд
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам зиёд намудани шумораи корхонаҳои паррандапарварӣ, саршумори парранда ва истеҳсоли маҳсулоти он, пурра таъмин намудани бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содирот ба хориҷи кишвар ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз шунидани ҳисоботи райиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ, президент ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини вилоятию ҷумҳуриявӣ доир ба ривоҷ додани ободонии ин ноҳияи кӯҳистон, аз ҷумла навсозии роҳҳои маҳаллӣ, тармими мактабу бемористонҳои тармимталаб, рушди минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим, муҳайёсозии шароити зарурӣ барои ҷалби бештари сайёҳон, таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоию сӯзишворӣ ва дигар корҳои муҳим дастуру ҳидоятҳо дод.
Ҳамчунин дар ин нишаст доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи якуми соли равон, суръат бахшидан ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва ривоҷ додани кишти такрорӣ, сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда ва омода кардани варзишгоҳҳо ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё дода шуд. Таъкид гардид, ки нақби Шаҳристон бо роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бояд моҳи сентябри соли равон пурра ба истифода дода шавад ва дар ҳамин вақт навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент оғоз ёбад.
Мӯҳр