Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон изҳор медоранд, ки раванди таҳияи буҷети давлатӣ барои соли 2013-ум дар кишвар оғоз шудаст.
Ба иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир ҳамаи вазорату сохторҳои давлатии Тоҷикистон лоиҳаҳои буҷаи худро барои соли оянда таҳия кардан доранд, ки баъдан дар Вазорати молия баррасӣ хоҳанд шуд. Баъди коркарди ҳамаи нишондодҳо лоиҳаи ниҳоӣ ба Комиссияи доимамалкунандаи назди ҳукумат пешниҳод мегардад. Анҷоми ҳамаи ин корҳо то 20-уми сентябри соли ҷорӣ дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол масъулини Вазорати молия изҳор медоранд, ки буҷети соли оянда ҳам чун ҳозира иҷтимоӣ буда, аксари даромади он ба маориф, тандурустӣ фарҳанг ва ғайра равона хоҳад шуд. Ҳаҷми буҷаи имсола нисбат ба соли гузашта 1,8 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта, 10,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Қисмати хароҷот 10,3 миллиард сомонӣ буда, ҳудуди 50 фоизаш ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона хоҳад шуд.
Буҷети соли оянда ҳам бо афзоиши қисмати даромад дар назар буда, ҳаҷми афзоиш ба гуфтаи намояндагони соҳибкорӣ ҳудуди 15 фоизро ташкил хоҳад дод.
Масъулини молия аз додани иттилои мушаххас оид ба ҳаҷми афзоиши буҷети соли оянда худдорӣ мекунанд.
Мӯҳр