Ҳукумати Қирғизистон қарори интиқоли сӯзишвории қирғизиро ба Афғонистон тавассути ҳудуди Тоҷикистон қабул намудааст.
Тибқи иттилои котиботи сарвазири Қирғизистон ташаббускори ин қарор вазири иқтисод ва сиёсати зидимонополии қирғиз Темир Сариев баромад кардааст. Масъулини қирғиз мегӯянд, маҳсулоти нафтии заводи коркарди нафти Кант дар дохили кишвар талабот надорад, чун аз нигоҳи сифат рақобатпазир нест. Имкони содир намудани маҳсулоти нафтии корхона ба Афғонистон мавҷуд аст, ки он метавонад танҳо бо нақлиёти автомобилӣ тавассути ҳудуди Тоҷикистон амалӣ шавад.
Масъулини қирғиз мегӯянд, ин иқдом барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади буҷет мусоидат хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон қаблан аз афзоиши қочоқи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, ҳукуматашон қарори мувақаттан қатъ кардани содироти сӯзишвориро ба тасвиб расонда буд.
Мӯҳр