Раҷаб Тайиб Урдуғон, нахуствазири Туркия дар ҷарёни суханронии худ дар як ҳамоиши низомӣ таъкид кард, ки Туркия дар ҳоли ҳозир қасди ҳамла ба Сурияро надорад.
Вай идомаи дод, ки Туркия дар қиболи дигар кишварҳо аз худ рафтори хасмонае нишон нахоҳад дод, аммо дар айни ҳол посухи Туркия дар сурати такрори таҳаррукот, қотеъ хоҳад буд.
Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷиҳои анҷомшуда дар Туркия, ки тавассути маркази мутолиоти сиёсати хориҷа ва иқтисоди ин кишвар мунташир шудааст, беш аз ниме аз мардуми Туркия мухолифи мудохилаи эҳтимолии низомии Анқара дар Сурия ҳастанд.
Урдуғон дар идомаи суханони худ таъкид кард: «Мо дар оянда ҳеч фурсатеро барои дарс додан ба давлати Сурия аз даст нахоҳем дод. Давлате, ки тамоми машрӯъияти худро бо эҷоди ваҳшат ва террор дар байни мардумаш, аз даст дода ва саъй дорад қудрат ва бузургии Туркияро имтиҳон кунад».
Сурия дар таърихи 22 июн эълом кард, ки неруҳои ҳавоии ин кишвар як ҷангандаи мутаҷовизи "Ф-4" Туркияро бар асоси қавонини ҳоким дар чунин шароите дар ҳарими ҳавоии худ соқит карда аст.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Сурия дар конфронси матбуотӣ, дар таърихи 25 июн дар Дамишқ эълом кард, ки ҷангандаи Туркия ҳарими ҳавоии Сурияро нақз кард ва дифоъи ҳавоии Сурия низ дар иваз ба рӯи ин ҷанганда оташ кушод ва ин ҳавопаймо дохили обҳои марзи Сурия суқут кард.
Бо ин ҳол, Раҷаб Тайиб Урдуғон, нахуствазири Туркия дар суханронии худ дар таърихи 26 июн дар порлумони кишвар мудаъӣ шуд, ки Анкара бо ирода ба ин иқдоми Сурия муқобила мекунад ва иқдомоти лозим барои таъин замон, макон ва равиши худро амалӣ мекунад.
Ин изҳороти Урдуғон дуруст дар ҳамон рузе эълом шуд ки Башор Асад, раисҷумҳури Сурия бо ишора ба ин ки Сурия дар тамоми шароити воқеъии якҷанга ба сар мебарад, ин тавр эълом кард: «Замоне, ки кишвар дар ҳолати ҷанг аст, тамоми сиёсатҳо ва қобилиятҳои мо бояд барои тазмнини пирузӣ ба кор гирифта шавад».
Мӯҳр