Авигдор Либерман, вазири корҳои хориҷаи режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе дар ҷарёни дидор бо Алфив Пиво Мусен, муъовини раиси ҷумҳури кишвари Косторико дар Амрикои ҷанубӣ, мудаъӣ шуд, ки Венесуэла дар ҳоли кӯмак ба таъмини буҷаи барномаи ҳастаии Эрон ба ивази амалӣ шудани ваъдаи Эрон дар заминаи ба иштирок гузории пешрафтҳои низомии оянда миёни ду кишвар аст.
Дар ин бора хабаргузории Форс ба нақл аз манобеъи амрикоӣ иттилоъ пахш кардааст. Зимнан, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ эълом накард, ки бар асоси чӣ итилоъоте чунин арзёбӣ ва идаъое карда аст.
Дар идомаи ин хабар омада аст, ки Ҳуго Човез раиси ҷумҳури Венесуэла аз ҳомиёни сарсахти Эрон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон маҳсуб мешавад.Президентҳои Эрон ва Венесуэла ҳафтаи гузашта дар Каракас, пойтахти Венесуэла дар Амрикои ҷанубӣ , бо якдигар дидор карданд ва ӯҳдадор шуданд, то аз тариқи ҳамкорӣ бо якдигар, бо империализм бипардозад.
Ба навиштаи як сайти исроилӣ раиси ҷумҳури Эрон аввалҳои соли равон дар сафари расмӣ озими Амрикои лотин шуд, то ҳузури Эрон дар он минтақаро пурранг кунад ва ба имзои қарордодҳои тиҷории ҷадид бипардозад.
Мӯҳр