43 рахти хоби вагонҳои мусофирбарии КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон»-ро дуздиданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, дар робита ба ин қазия аз ҷониби кормандони милиса Султон Маҳмадқулови 28- сола, сокини шаҳи Душанбе, кӯчаи Назаршоев ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир гардидааст.
Тибқи хабари манбаъ, номбурда рӯзи 21-уми июни соли равон бо роҳи пинҳонӣ аз хати роҳи оҳани 16-17 километри ҳудуди пойгоҳи вагонҳои мусофирбарии КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» 43 адад рахти хобро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст. Гуфта мешавад, арзиши ҷиҳози рабудашуда беш аз 40.000 сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон оиди ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр