Масоили марбут ба минтақа, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон ин мавзӯъҳо зимни мулоқоти райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Шӯрои Аврупо ҷаноби Сорбён Ҷагленд дар Фаронса матраҳ гардиданд.
Президент ва дабири кулл розигии худро барои давом додани муколама дар чаҳорчӯби сиёсати Шӯрои Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояи Аврупо баён намуданд. Муколама, аз он ҷумла дар сатҳи парлумонӣ, бо масъалахои ҳуқуқи инсон, ҳифзи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла сохтмони институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон ва мубориза бар зидди хариду фуруши одамон, терроризм ва ҷиноятҳои компютерӣ баён намуданд. Аз ин рў, мусоҳибон инчунин масъалаи дурнамои ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба созишномаҳои дахлдори Шўрои Аврупо мисли Конвенсияи қолабӣ оид ба ҳивзи ақаллияти миллӣ ва Низомномаи Аврупо оид ба забонҳои минтақавӣ ё ақаллиятӣ муҳокима намуданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр