Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ аз президенти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа иқдоми ҷиддиеро аз сар бигирад.
Зимнан, чордаҳ созмони ғайридавлатии Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, барои пешгирӣ аз мавридҳои шиканҷа, ки ба гуфтаи онҳо ба обрӯи кишвар ҳам латма мезанад, иқдомҳои ҷиддитареро рӯи даст бигирад.
Ин созмонҳо дар номаи худ ба унвонии раисиҷумҳур се пешниҳод барои мубориза бо шиканҷа ва кӯмак ба қурбониёни шиканҷаро ироа кардаанд:
1. Барномаи давлатии фарогир ва дарозмуддати мубориза бо шиканҷаро бо ҷудо кардани буҷаи давлатӣ ва ҷадвали ҳисоботдиҳӣ қабул намоед;
2. Барои нозирони мустақил аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дастрасӣ ба тамоми муассисаҳои пӯшида, қабл аз ҳама маҳбасҳо, боздоштгоҳҳои тафтишотӣ, дармонгоҳҳои бемориҳои рӯҳӣ ва ғайраро таъмин созед;
3. Бунёди махсус барои расонидани кӯмак ба қурбониёни шиканҷа созмон ёбад.
Ин созмонҳо дар номаи худ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон навиштаанд, бо вуҷуди баъзе тадбирҳои давлат шиканҷа дар ҷомеа мушкили паҳншуда ва системавӣ боқӣ мемонад.
Ҳамзамон, Эътилоф даъват ба амал меорад, ки мулоҳизоти Кумитаҳои Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон иҷро гардида, тавсияҳо аз рӯйи шартномаҳои байнулмилалӣ дар бахши ҳуқуқи инсон ва тартиботи махсуси Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон амалӣ карда шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки муроҷиати созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба президенти ҶТ имрӯз, 26-уми июн, дар рӯзи байнулмилалии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа, қабул шудааст.
Мӯҳр