Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдат дар шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд баргузор шуд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз хадамоти матбуотии ҳукумати ин вилоят иттилоъ доданд, чунин чорабиниҳо дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд», маҳаллаи 12-ум ва 20-уми шаҳри Хуҷанд ва шаҳрҳои Чкалов, Истиқлол, Қайроққум аз тарафи кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят гузаронида шуд.
Гуфтанист, дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ маҳсулотҳои кишоварзие, ки пешкаши аҳолӣ гардонида шуданд, аз он ҷумла дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» 67,7 тонна, маҳаллаи 20-ум 32 тонна, маҳаллаи 12-ум 11,7 тонна, шаҳрҳои Чкалов 20,8 тонна, Истиқлол 14,5 ва Қайроққум 23,55 тонна дар маҷмӯъ 170,25 тоннаро ташкил дода, нисбат ба нархи миёнаи бозорҳо 20-30 фоиз арзон ба аҳолӣ фурӯхта шуд.
Ҳамзамон, дар ярмарка КВД «Захираҳои моддии вилояти Суғд» 10,5 тонна орд, шакар, биринҷ ва Иттифоқи матлуботи вилоят зиёда аз 40 тонна маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши аҳолӣ намуданд.
Мӯҳр