Даври аввали ин озмун тибқи қарори раиси вилоят дар шаҳру навоҳӣ баргузор шуда буд.
Дар он 110 нафар гулдухтарон аз шаҳру навоҳӣ бо пироҳани зебои атласи дӯхташ гуногун рӯи саҳна баромаданд, ки ҳунари беш аз 25 нафар тарроҳону дӯзандагон буд.
Хабарнигори маҳаллии Озодагон аз ин минтақа иттилоъ дод, ки ҳадафи гузаронидани иди «Атлас-2012» эҳёи анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби сарулибос аз матои табиӣ бо истифодаи усулҳои миллии дӯзандагӣ байни ҷавондухтарон ва ривоҷу равнақи истеҳсоли матои атлас мебошад. Чанд сол аст, ки чунин анъана идома дорад. Бори аввал озмуни вилоятии "Атласи тоҷик" моҳи марти соли 2001 бахшида ба 10-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Наврӯз, таҳти унвони "Милоди орзуҳо-2001" гузаронида шуда буд.
Озмун аз рӯи чор намуд - намоиши бахшҳои қадима, сару либоси кӯдакона, рӯзмарра ва идона доир шуд.
Мӯҳр