Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз Сафири Туркманистон дар кишвар Чинор Рустамова нусхаи эътимоднома қабул намуд.
Тавре аз ВКХ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, пас аз супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти вазир дипломатии тозатаъини туркман барпо гардид.
Зимнан, дар нишаст самтҳои ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи марбут ба соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, фарҳанг ва маориф баррасӣ шуд. Инчунин, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои минтақавии вобаста ба вазъи Афғонистон мубодилаи афкор анҷом доданд.
-Тарафҳо таъкид бар он доштанд, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъда ва боз ҳам фарогиртар гардонидани муносибатҳо, аз имконот ва иқтидори мавҷуда истифода намуда, баҳри идомаи раванди мусбати равобити гуногунҷанба кӯшиши бештар хоҳанд кард,-афзуд манбаъ
Мӯҳр