Хадамоти омори СММ пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2015-ум шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон 1 миллиону 200 ҳазор нафар бештар мешавад.
Дар маҷмӯъ, то соли 2015-ум дар сайёраи замин 7 миллиарду 197 миллион нафар зиндагӣ хоҳанд кард. Суръати аз ҳама зиёди афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои Африқо ва Осиё пешбинӣ мешавад. Аз ҷумла, дар Уганда то соли 2015-ум шумораи аҳолӣ аз ҳозира 2 маротиба ва то соли 2050 панҷ маротиба бештар мешавад.
Миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва ИДМ афзоиши нисбатан назарраси аҳолӣ дар Ӯзбакистон дар назар аст, ки то соли 2015-ум 6 миллиони дигар ба шумораи мавҷуда зам мешавад.
Дар Қирғизистон аҳолӣ 1 миллион, Туркманистон 1,2 миллион, Озарбойҷон 1,3 миллион бештар мешаванд. Дар Украина, Белорус, Гурҷистон, Малдова, Литва, Арманистон, Латвия ва Эстония камшавии аҳолӣ дар назар аст.
Дар Русия пешгӯӣ мешавад, соли 2015 –ум бо назардошти муҳоҷирон 133,4 миллион нафар зиндагӣ хоҳанд кард.
Дар сегонаи кишварҳои аз ҳама сераҳолитарин бошад, ҳамоно Чин, Ҳиндустон ва ИМА боқӣ хоҳанд монд.
Мӯҳр