Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон воридоти орду гандум ба кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфта, дар чор моҳи аввали сол ба маблағи 106,5 миллион доллари амрикоӣ дохил шудааст.
Ҳаҷми воридоти гандум 231 ҳазору 800 тоннаро ташкил дода, маблағаш ба 48 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ баробар гардидаст. Нархи миёнаи як тонна гандуми воридшуда, ба ҳисоби миёна барори 211 доллар шудаст.
Воридоти орд ба кишвар ба 157 ҳазору 600 тонна расида, маблағи он 50 миллиону 400 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Тибқи ин рақамҳо ҳар тонна орд ба кишвар бо арзиши миёнаи 320 доллари амрикоӣ ворид мешавад, ки ба сари ҳар халтаи 50 киллограма 76 сомонию 80 дирам рост меояд.
Айни ҳол тибқи мониторинги вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон як халтаи 50 киллограмаи орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон дар бозорҳои пойтахт ба 105 сомонӣ ва орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ 100 сомонӣ нарх доранд, ки ҳар ду нишондиҳанда ҳам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21 фоизӣ арзонтар мебошанд.
Мӯҳр