Олими донишгоҳи Иеруссалими Исроил дар Тоҷикистон таҳқиқот гузаронда, ба хулосае омадааст, ки масоили мавҷудияту пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои гуногуни кишвар омӯхта нашудаанд ва далелу рақамҳои қатъии таъсири тағйироти иқлим дар кишвар вуҷуд надоранд.
Аммо масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон камбудии соҳаҳои гуногуни кишварро, аз қабили иҷро нашудани дурнамои истеҳсоли ин ё он зироат, паҳнашавии малах, бебарқиҳои чандмоҳа ва ҳатто вайронии роҳҳои Душанберо ҳам ба табиат бор мекунанд, ки гӯё дар паи боришоти зиёди имсола вайрон шудаанд.
Коршиносони бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ҳам, назари масъулини тоҷикро оиди таъсири манфии тағйироти иқлим ба соҳаҳои гуногуни кишвар аз ҷумла хоҷагидорӣ тақвият бахшида, пайомадҳои онро дар шароити Тоҷикистон, ки гӯё 52 фоизи мардуми шуғлдошта кишоварзанду, бахши хоҷагии қишлоқ 70 фоизи иқтисодиётро ташкил медиҳад, харобиовар арзёбӣ мекунанд.
Аммо Иви Лерман дар сӯҳбат бо «Озодагон» гуфт, ин изҳорот натиҷаи омӯзишҳои илмӣ набуда, танҳо ба мушоҳидаю эҳсосот асос ёфтаанд. Вай барои мутахассисони маҳаллии тоҷик зарур мешуморад, ки масоили мавҷудияту таъсири тағйироти иқлимиро ба Тоҷикистон омӯхта , худашон бо гирифтани далелу рақамҳои қатъӣ ба як хулосаи муайян
Мӯҳр