Бонки авруосиёии рушд дар гузориши нави таҳлилии худ бо унвони «Равандҳои ба ҳамоӣ дар бахши электроэнергетикаи кишварҳои узви бонк», ки ба ҳайати он Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Арманистон ва Белорусия дохил мешаванд, ҳамкории электроэнергетикии ин кишварҳоро нигаронкунанда арзёбӣ намудаст.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии БАОР дар гузориш мушкилоти рушди бозори муштараки энергетикӣ дар минтақа ва ҳамкории байнидавлатӣ дар ин соҳа мавриди таҳлил қарор гирифтаст.
Муаллифони гузориш мегўянд дар ҳоли ҳозир дар самти додугирифти барқ миёни кишварҳои узви бонк на пешравӣ, балки қафоравӣ мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, аз миёнаҳои соли 2000-ум, додугирифти байниҳамии барқ майли поёнравӣ намуда, содироти барқ 30 фоиз ва воридот 60 фоиз кам шудаст: «Ин чанд сабаб дорад. Аз ҷумла, дар дохили худи кишварҳои минтақа ҳам талабот ба барқ зиёд шудаст. Аммо сабаби асосӣ он аст, ки кишварҳои алоҳидаи барои роҳандозии додугирифти барқ ба созиш омадан намехоҳанд»
Масъулини Бонки авруосиёии рушд таъкид мекунанд, ки дар амалияи муносибатҳои байнидавлатии минтақа ҳолатҳое ҷой доранд, ки ба фазои ҳамкорию ҳамсоягарӣ дуруст намеояд: «Аз ҷумла кишварҳои алоҳида раванди интиқоли содироту воридоти барқро қатъ мекунанд. Қатъи шабакаҳои барқи байнидавлатӣ ва ҳатто ҷудосозии пурраи низоми миллии энергетикӣ аз фаъолияти паралелӣ бо дигар низомҳо ҷой доштанд».
Таҳлилгарони БАОР дар гузориши худ зурурияти ҳар чӣ тезтар бартараф намудани монеаҳои мавҷударо зимни додугирифти нерўи барқ дар минтақа таъкид карда, созмони бозори муштараки энергетикиро муҳим арзёбӣ кардаанд.
Мӯҳр