Эҳдо ба устоди азиз Муҳаммадҷони Шакурӣ
Дар замони мо суханбозӣ ҳунар нест,
Эй Ватанбозон! Ватанбозӣ - ҳунар нест!
Бозор Собир
Дар миёни кучаҳои шаҳри зебои Душанбе
Дар миёни сояравшанҳо
Меравад як сояе сокит,
Меравад як сояе мармуз,
Сояе гум гашта аз дирӯз дар имрӯз
Сояи торихи Миҳан,
Дар Душанбеи дилоро
Сояи шаҳри Бухоро.
Ҳайкале, аммо на он як ҳайкали арзиз,
Ҳайкале, аммо на он як ҳайкали оҳан,
Ҳайкале, аммо на он як ҳайкали хоро,
Ҳайкале - Дил, ҳайкале - Ғам, ҳайкале - Рӯҳ,
Ҳайкале - Андӯҳ,
Андӯҳи шикасти миллате мазлум,
Миллате - гум гашта дар торих,
Ҳайкале - як ёдгори дуру дерини Бухоро
Ҳайкале - як ёдгори деру дурини Бухоро!
Марди танҳое саропо ҳилму хубиву мадоро.
Лаҳҷае, вомонда аз он Гулхани Наврӯз,
Ёдгори хоксоре з-он шаҳоматҳои пешин,
Меравад аз сояравшанҳои зери шаҳчанорони
баланди пир,
Дар дилаш он захмҳои тозаву кӯҳна,
Аз замони кӯҳнаву нав даст дар завлон
Аз ғамони кӯҳнаву нав пой дар занҷир,
Гӯйи посухгӯи ҳар чӣ буду
Ҳар чӣ ҳасту
Ҳар чизе, ки хоҳад буд
баъд аз ин,
Меравад чун сояе оҳиставу орому сангин,
Меравад андешавар, ғамгин,
Ин ҳама ғавғои мо печида дар гӯшаш,
Ин ҳама даъвои густурда дар дунёи хомӯшаш,
Аз қадимону ҷадидонаш ҳамин мероси домангир,
Аз рафиқону рақибонаш ҳамин як ҳадя дар
ин рӯзи мавлудаш-
Поси он як рӯзгори поку нуронӣ,
Поси он бахшидани худро ба мо, бо буду нобудаш!
Эй Душанбе,
Инак ин Наврӯзу Навсолат муборак бод!
Ин Сари Солат муборак бод!
Аз ту ҳам бар ман чунин Субҳе Табаррук,
Аз ту ҳам бар ман чунин рӯзе пур аз файзу бараккат,
Аз ту ҳам бар ман чунин рӯзе пур аз ҷунбиш,
пур аз гардиш,
пур аз чархиш,
Аз ту ҳам ин Субҳ -
ин Субҳи Mусаффо,
Аз ту ҳам ин Субҳ -
ин Субҳи Мубарро,
Аз ту ҳам ин субҳ -
ин Субҳи Табаррук
Бар ману бар мо муборак бод!
Дидани як мӯсафеде субҳи содиқ дар сари раҳ -
фоли нек аст,
Он ҳам ин як Мӯсафеде ин ҳама якранг
чун оби равон дар ботину зоҳир
Он ҳам ин як Мӯсафеде ин ҳама нурониву
рӯҳониву тоҳир!
Ман варо ин субҳдам дидам, ки бо Хуршеди
Ховар гарми сӯҳбат буд,
Сӯҳбати ин мӯсафедон, пирамардон, Пири Мардон
Он қадар ширину содда,
Он қадар зебову озода,
Он қадар поку зарифу нарму гарму пурҳарорат буд,
Ки ман аз он кӯча беошарф бигзаштам,
Гарчи пур будам зи гуфтанҳову гуфтанҳову гуфтанҳо,
Гарчи пур будам зи майли гуфтугӯ бо ӯ
В-аз суолоте, ки ғайр аз ӯ ҷавобашро касе
дигар намедонад,
Аз суолоте қадимитар зи қидматҳову хилқатҳои ин дунё.
Розҳои ин ҷаҳони пурфану пурфанду пурколову
пурсавдо -
Аз Қадимону Ҷадидонам бар ӯ, оре, суолоти зиёде буд,
Ман вале он субҳи Наврӯзӣ
Аз хами он кӯча беошарф бигзаштам,
Бе салому бекалому бегапу беҳарф бигзаштам.
Пеши худ гуфтам,
Дидани ӯ дар чунин рӯз
Фоли нек аст…
Кӯдакон!
Эй кӯдакони бозигӯш!
Эй парастуҳо, ки ҷуз парвоз чизи дигаре дар ёдатон нест,
Ва шумо инак намедонед (Иллоҳи ҳам надонед!),
пеш аз ин парвозҳо мамнуъ буданд,
Ҳар чи аз Озодиву аз Озодагиҳо буд, номашруъ буданд,
Ҳар чи аз Наврӯз буд, он Кӯхнарӯз эълом буд,
В-ар касе як риштапайванде бар он Наврӯзҳо дошт,
ӯ ҳама бадрӯз буд,
бадбахт буд,
бадном буд!
Инак ин марде, ки имрӯз,
Меравад аз сояравшанҳои зери шаҳчанорони
баланди пир,
Меравад чун сояе оҳиставу орому сангин,
Меравад андешавар, ғамгин,
Марди танҳое саропо ҳилму хубиву мадоро,
Ёдгори дуру дерини Бухоро,
Ёдгои деру дурини Бухоро,
Ин ҳамоне ҳаст, ки Наврӯзро овард бар мову шумоҳо!
Кӯдакони хубу зебо!
Кӯдакони поку лоло!
Рӯзи Наврӯзӣ шуморо бар шумову бар ману
бар ӯ муборак бод!
Иди хушрӯзи шуморо бар шумову бар ману
бар ӯ муборак бод!
ӯст, оре, ӯст!
ӯст посухгӯи ҳарчи буду ҳарчи ҳаст,
Ва ҳар он чизе, ки хоҳад буд баъд аз ин,
На ба пеши Довари Торих,
На ба пеши Довари Ҳастӣ,
ӯ ба пеши ин ду Довар ҳар саволу ҳар ҷавобашро
Худ дар он Маъвид,
Дар он Додгаҳ,
Вакте ки мебояст, хоҳад гуфт!
ӯст посухгӯйи мо имрӯз
Мудаъӣ имрӯз мо ҳастем, Қози низ мо ҳастем,
Довар низ,
Моҳи Шом имрӯз мо ҳастем, он Хуршеди Ховар низ
Мо, ки Нофи ин Замин ҳастем, оре
Метавонем ин замон ӯро
Бар қазоват-ул-қузоти он Худовандон барем имрӯз!
Метавон имрӯз, оре, метавон, эй кӯдакон!
Имрӯз дигар рӯзи Наврӯз аст,
Метавон имрӯз, оре, метавон, эй кӯдакон!
Имрӯз моро ҳам иҷозат ҳаст,
Мо ҳама имрӯз аз ҳар ихтиёре баҳравар ҳастем,
Метавон имрӯз
Бар сари ҳар чи муқаддас, ҳар чи мамнуъ аст,
по бигзошт,
Метвон имрӯз аз ҳар садду ҳар монеае бигзашт,
Бар хилофи урфу одатҳо,
Ва ба рағми ҳарчи суннатҳо,
Ва фаротар рафт аз худ
То ХУДО…
Ҳатто
То
БЕХУДОИҲО…
Метавон имрӯз
Рад шуду бигзашт аз рӯйи чунин номе шариф имрӯз
Ончуноне
як замоне
рӯйи раҳ уфтода буд
он хонаи мур,
Ин замон ҳам рӯйи раҳ уфтода аст
Ин ном, оре -
ҶОНАМОЗИ МӯСАФЕДОН!
СИЁВУШ
Мӯҳр