Хазинаи амрикоии сулҳ ва маҷаллаи маъруфи «Foreign Policy»-и Амрико рӯйхати кишварҳои ноӯҳдабаротарини ҷаҳон дар соли 2012-умро таҳия кардаанд. Тоҷикистон дар миёни 177 давлат зинаи 46-умро муаррифӣ мекунад.
Таҳиягарони рейтинг пеш аз ҳама қобилияти ҳукумати кишварҳоро барои таъмини тамомияти марзӣ, муътадилияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баҳогузорӣ кардаанд.
Ин феҳраст аз соли 2005 ба ин сӯ ҳамасола таҳия шуда, муаллифони он асосан қобилияти панҷ институти давлатӣ - роҳбарияти сиёсӣ, артиш, милиса, низоми судӣ ва хадамоти шаҳрвандиро мавриди таҳлил қарор медиҳанд.
Тоҷикистон дар ин рӯйхат аз Ӯзбакистону Қирғизистон «ӯҳдабаротар» баҳогузорӣ шуда, аммо аз кишварҳои дигари Иттиҳоди давлатҳои мустақил «ноӯҳдабаротар» арзёбӣ гардидааст. Дар рӯйхати давлатҳои ноӯҳдабаро Ӯзбакистон ҷои 39-ум, Қирғизистон 41, Тоҷикистон 46, Гурҷистон 51, Озарбойҷон 68, Молдова 73, Туркманистон 81, Белорус 85, Қазоқистон 107 ва Украина ҷои 113-умро гирифтаанд.
Кишварҳое, ки зинаи аз 165 то 177-умро муаррифӣ мекунанд, «ӯҳдабаротарин» маҳсуб ёфта, дар сархаташон Финляндия, Швейсия ва Дания қарор гирифтаанд.
Давлати аз ҳама ноӯҳдабаро Сомалӣ арзёбӣ мешавад, ки дар ҷои якум қарор дорад. Афғонистон дар ҷои 6 ва Ироқ дар зинаи 9-уми рейтинг нишастаанд.
Мӯҳр