Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба «Озодагон» гуфт, дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Пржемисл Соботка ва ҳайати ҳамроҳонашро самимона шодбош намуда, таъкид ва изҳори боварӣ кард, ки сафари мазкур дар таҳким ва рушди муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Чехия самараи нек хоҳад дод. Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки итминон аст баҳри расидагӣ ва фарогирии холигии ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарламентӣ нек ба роҳ монда шуда, потенсиали парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта барои ташкили фазо ва заминаи мусоиди ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар навбати худ ҷаноби Пржемисл Соботка аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, афзуд, ки бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои доманфарохи иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ду ҷониб ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибати Маҷлиси миллӣ бо Сенати Ҷумҳурии Чехия тадбирҳои судмандро анҷом диҳад.Таъкид гардид, ки ояндаи наздик кушода шудани хати ҳавоӣ миёни кишварҳо барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷабҳа нақши муассир хоҳад гузошт.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |