Раиси вилояти Суғд зери қарор «Дар бораи гузаронидани санҷиши ҳолати мудофиаи гражданӣ, системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва машқи мукаммали мудофиаи шаҳрвандӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов» имзо гузошт.
Зимнан, дар қаламрави ноҳия таҳти унвони «Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми рух додани заминларза ва омадани сел» санҷиш ва машқҳои соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҷараён дорад.
Ба тамринҳо ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят, сардорони хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ, комиссия ва хадамоти мудофиаи граждани ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷалб шудаанд.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Мӯҳр