Аз 15 то 20 июни соли 2012 дар ҷумҳурии Кабордина - Балкарияи Русия ҷашнвораи байналмилалии «Баҳори донишҷӯёни ИДМ дар Кавказ» сурат пазируфт.
Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур 10 донишҷӯи фаъол намояндагӣ мекард. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, намояндаҳои Тоҷикистон симои ҷавонони кишварро бо номераҳои мусиқӣ, рақс, рӯзноманигорӣ, ҳунари саҳнавӣ ва гӯшаи Тоҷикистону дастурхони тоҷикона муаррифӣ намуданд.
Аз рӯи шартҳои озмун донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон Ромиз Қурбонов бо пешниҳоди мусиқӣ тариқи доира, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ардашер Шарифзода бо пешниҳоди суруди «Модар» ва донишҷӯи Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода Рухсора Зурбекова бо пешниҳоди рақси миллӣ сазовори ҷоизаҳо гардиданд. «Ҳамзамон, пешниҳоди дастурхони идона ва гӯшаи тоҷикона хуб пазиройӣ шуда, мавриди тамошои иштирокчиёни чорабинӣ ва меҳмонон қарор гирифт.
Дар маҷмӯъ барои ғолибияти даставӣ гурӯҳи Тоҷикистон сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр