Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба се масъала- тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва рушди устувори манотиқи кӯҳистон ҷалб намуд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадаш дар ин ҳамоиш, изҳори умедворӣ кард, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасон пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ хоҳанд намуд. Ӯ ба Стратегияи миллии рушд ишора карда гуфт, ки он аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бармеояд ва мӯҳтавои онро се масъалаи асосӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти нақлиётиву коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ташкил медиҳанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.
-Дастрасии фарогир ба хадамоти энергетикаи муосир, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, тавсеаи истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия масъалаҳои муҳимтарини рушди устуворанд,-гуфт Раҳмон.
Райисҷумҳур ҷонибдории Тоҷикистонро нисбати ташаббуси Дабири кулли СММ таҳти унвони «Энергетикаи устувор барои ҳама» изҳор намудааст. Ба қавли Президенти Тоҷикистон, истифодаи гидроэнергетика ба консепсияи иқтисоди «сабз», ки яке аз мавзӯъҳои асосии ҷадвали кори Конфронси Рио+20 аст, комилан мутобиқат дорад. Дар робита ба нақши бузурги ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об дар амри ноил шудан ба ҳадафҳои рушд, Эмомалӣ Раҳмон аз эълон шудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон махсус хотиррасон шуд.
Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз баррасии масъалаҳои таҳкими чорчӯбаи ниҳодии рушди устувор ва таъсиси мақоми байниҳукуматии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ҳамчунин роҳандозии раванди таҳияи маҷмӯи мувофиқашудаи ҳадафҳои фарогир дар соҳаи рушд иброз дошт. Бояд тазаккур дод, ин конфронсро Пан Ги Мун, дабири кулли СММ ҳусни оғоз бахшид. Конфронси мазкур бо як овоз президенти Бразилия Дилма Русефро раиси Конфронс ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро яке аз муовинони ӯ интихоб намуд.
Мӯҳр