Тайи як соли охир маҳсулоти сабзавот аз ҷумла бодиринг дар бозорҳои пойтахт 2 маротиба боло рафтааст, айни ҳол дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна нархи бодиринг 3 сомонию 68 дирамро ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли гузашта як кило бодиринг 1 сомонию 25 дирам дар нуқтаҳои савдо фӯрухта мешуд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳама нархи арзони бодиринг дар бозори "Деҳқон" мушоҳида шуд, ки бо нархи 3 сомони ба фурӯш гузошта шудааст. Ин нишондод дар нуқтаҳои сабзавотфурӯшии бозорҳои «Саховат» ва «Варзоб» ба 3 сомону 50 дирам баробар мебошад.
Инчунин манбаъ афзуд, ки аз ҳама нархи гарон дар бозори «Шохмансур» мушоҳида карда шуд, ки як кило бодиринг 4 сомониро ташкил медод.
Феълан, дар бозорҳои кишвар мушоҳида мешавад, ки нарҳи себ 50%, биринҷ 51%, гӯшти гову гӯсфанд 40% боло рафтааст.
Мӯҳр