Толибҷон Курбонхонов, овозхони тоҷики муҳоҷири Русия - муаллифи суруди “ВВП” бо ҷойизаи рамзии “Калуши нуқрагин”, дар номинатсияи “ Нафаси чуқур” барои “кушиши охирин барои дарёфти қайди зист дар Маскав” мукофотонида шудааст.
Ниҳоят радиостансияи "Серебряний дожд" ҷоийзадорони “Калуши нуқрагин”-ро эълон кард. Ёдовар мешавем, ки ин ҷойиза рамзӣ буда, “барои дастовардҳои шубҳаовар” сарфароз карда мешавад. Ҷойиза аз сӯи радиостансияи “Серебрянная дожд” таъсис шудааст.
Тавре расонаҳо менависанд, масъулин бо ин ҷойиза Владимир Гунаев (Патриархи Москва)-ро дар номинатсияи “Дастон зери бағал интизори мӯъҷиза” барои “рабуда шудани ҳангомавии соаташ” лоиқ донистаанд.
Ба Владимир Жириновскийи миллатгаро дар номинатсияи “Савораи хар ва ё сояи таблиғот” барои “муносиботи дурушт бо интихобкунандагон” низ “калӯши нуқрагин” додаанд.
Аллакай дар соли равон ҷойизаи "Калӯши нуқрагин” маротибаи 16-ум аст, ки тақдим мешавад. Маросими ҷойизасупорӣ аз сӯи YouTube мустақиман намойиш дода шуд.
Мӯҳр