Боз як журналист дар Маскав мавриди латукӯб қарор гирифт.
Телевизиони Russia Today хабар медиҳад, ки корманди ин расона дар шимоли Маскав аз сӯи ашхоси номаълум латукӯб карда шудааст. Ҳамчунин, ин ашхос рӯзноманигорро ғорат намудаанд.
Ҳодиса дар минтақаи Фили-Давидковои Маскав соатҳои 3-и шаб, ҳангоме ки хабарнигор Саламанов аз кор ба хона бармегаштааст, рух додааст.3 нафари номаълум хабарнигорро аз по афтонида, ба сараш бо лагад зарбаҳои зиёд заданд, ки дар натиҷа хабарнигор аз ҳуш рафтааст.Авбошҳо ҳамён, телефони ҳамроҳ ва дигар ашёҳои қиматбаҳои ӯро рабудаанд.
Мошини “Ёрии таъҷилӣ” Саламоновро ба дармонгоҳ бардааст. Табибон зарбҳои зиёд, ҷунбиши мағзи сарро дар хабарнигор муайян кардаанд.
Пулис авбошонро ҷустуҷӯ дорад. Ҳанӯз аз сӯи пулис ва Russia Today ба фаъолияти касбиаш рабт доштани латкӯби хабарнигор дақиқ карда нашудааст.
Мӯҳр