Бахшҳо

Изҳори нигаронии Убайдуллоев аз вазъи хизматрасонии нақлиёт дар Душанбе

Таҳти раёсати райиси шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр доир гардид.

Бино ба иттилои Шафқат Саидов, сухангӯи мири пойтахт, Убайдуллоев масъалаи ташкили фароғати мактабиён дар лагерҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабию майдончаҳои спортии назди биноҳои истиқоматиро бо таъмини ҳолати санитарию экологӣ аз ҷониби масъулин матраҳ намуда, дар ин зимн барои истироҳати бехатари сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозии назорати ҳолати кӯлу ҳавзҳои шиноварии дар марзи  шаҳри Душанбе фаъолиятдоштаро бо  дарназардошти ба роҳ мондани хадамоти наҷотидиҳии алоҳида аз ҷониби Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  шаҳри Душанбе дастур фармуд.
Ҳамзамон, бо назардошти фасли гармо ва зиёд шудани талаботи шаҳрвандон ба нӯшокиҳои ташнашикан баҳри таъмини амнияти истеъмолӣ ва сиҳатии омма супориш дод, ки нисбати пешгирӣ аз  фурӯши нӯшокиҳои ташнашикани  ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ набуда дар нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳр ва боғҳову мавзеъҳои истироҳатӣ чораҳо тақвият дода шуда, риояи барориши саривақтии партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз тарафи сохторҳои ноҳиявӣ зери назорати қатъӣ гирифта шавад. Дар ин росто раисони ноҳияҳоро муваззаф сохт, ки  нисбати боздошт ва безараргардонии сагҳои дайду ва ҳорӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо баҳри таъмини амнияти сокинон чораҳоро пурзӯр намоянд.
Дар ҷаласа ҳамзамон ҳолати роҳҳо ва суръатбахшии корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои таҷдидшавандаи шаҳр мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрдорӣ карор гирифта, дастур гардид, ки масълаи иҷрои босифати корҳо аз рӯи мутобиқат ба меъёрҳои сохтмонӣ ва мӯҳлати анҷоми онҳо аз ҷониби пудратчиёни иншоот мавриди санҷиши сохтор ва комиссияи ҷамъиятии марбута қарор дода шавад.
Зимнан, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, риояи танзими расму оин дар шаҳр, пеш аз ҳама истифодаи беш аз меъёри воситаҳои нақлиёт дар ҷараёни баргузории расми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  изҳори нигаронӣ намуда, баҳри бартараф намудани чунин камбудиҳо ба масъулини соҳа ва шӯъбаи БДА-и РКД-и шаҳри Душанбе  супоришоти қатъӣ дод.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)