Ронандаи автомашинаи тамғаи «Саманд» дар асари як садама ба ҳалокат расид.
Тибқи иттилои ВКД, рӯзи гузашта сарнишини сабукрави мазкур- Азимхон Ғойибови 47-сола ҳангоми ҳаракат аз тарафи маҳаллаи Мирзобек ба самти кӯчаи Зебуниссо дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо сабабҳои номаълум ба қафои автомашинаи тамғаи «Сентрофук-90», ки ронандааш Ноил Азимбоев будааст, бархурдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Саманд» Азимхон Ғоибов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофирони автомашинаи мазкур Қурбонова Гулрухсор соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Абдурозиқова Гулсуной соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Мӯҳр