Ҳамчунин, имрӯз дар шаҳри Страссбурги Фаронса Эъломияи муштараки ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Аврупо эълон гардид, ки дар он самтҳои густариши робитаҳои минбаъдаи ду ҷониб муайяну мушаххас гаштааст.Эмомалӣ Раҳмон ва Торберн Ягланд зимни нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон дурнамои рушди муносиботи Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он фароху умедбахш арза доштанд.
Торберн Ягланд изҳор дошт, ки президенти Тоҷикистон нахустин роҳбари давлат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ба Шўрои Аврупо ташриф овард. Ў ҳамчунин ба нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, ҳавасмандии Шўрои Аврупо ва Иттиҳоди Аврупоро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон таъкид намуд.
Интизор меравад, ки сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо президенти парлумони Аврупо Ежи Бузек ва роҳбарони як қатор кумитаҳо ва дигар сохторҳои он мулоқот анҷом диҳад.
Ёдрас менамоем, президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайати калони ҳукуматӣ ҷиҳати анҷоми боздиди расмӣ феълан дар Фаронса қарор дорад ва дар доираи ин сафар аз кишварҳои Австрия, Люксембург ва Маҷористон низ дидан мекунад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |