Аз соати 22:00-и имшаб (18-уми июн) то соати 24:00-и фардо дар бархе маҳалла ва минтақаҳои Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад.
Тавре ба Озодагон аз шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, муваққатан қатъ гардонидани интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати пайваст намудани шоҳқубури корезии кӯчонидашудаи қутраш 1200 мм дар кӯчаи Н.Қарабоев мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, бояд ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонии интиқоли оби нӯшокӣ ба шаҳракҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишинӣ ноҳияи Сино аз ҷумла шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15«а», 31, 32, 33, 52, 53, 82, 83, 84, 101, 102, 103, 104, 112, Испечак-1 ва 2, Зарафшон-1 ва 2, квартали Муҳандис, кӯчаи Шестопалов қатъ карда мешавад.
Инчунин, дар маҳаллаҳои Деҳи Боло, Деҳи Поён, Лучоб, Буни Ҳисорак, Навободи боло, Навободи поён, Меҳробод, Панҷрӯд, Испечак-1, 2, 3, Қазоқон-1, 2, Ҳаёти Нав, Мовароуннаҳр, Яккачинор, Роҳи Нав, Чортут, Раҳмон, Набиев, 40-солагии октябр, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камонгарон, Дӯстӣ, Авул-1,2, Шараф интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад.
Ҳамзамон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46, 61, 62, маҳаллаҳои Равшангарон, Яккачинор, Крупская интиқоли оби ошомиданӣ қатъ мегардад.Биноан, аз сокинони шаҳракҳо ва маҳаллаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои 32 соат захира намоянд.
Мӯҳр