Масъулини Асосиатсияи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон мегӯянд дар кишвар асосан се меъёри андозбандӣ мавҷуд аст, ки рушди низоми бонкии мамлакатро бозмедоранд.
Манбаъ аввалин меъёрро, ки ба рушди низоми бонкии мамлакат халал мерасонад, меъёри андозбандии фоидаи бонкҳо ном бурд, ки ҳаҷмаш 25% - ро ташкил медиҳад. Дуюм 12 % андозбандӣ намудани фоизҳои пасандозҳоро муаррифӣ карданд..
Меъёри боздорандаи сеюм 12 % андозбандӣ намудани дивидендҳои саҳҳомон ва капитализатсиягардида мебошад. Ба гуфтаи манбаъ, дар низоми андозбандии Тоҷикистон омилҳои дигар мавҷуданд, ки таъсири манфӣ доранд:
-Айни замон таҳлилҳо ва таклифҳои мушаххас ба Кодекси андоз дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст, ки қабул ва эътирофи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси мукаммалгардонии манбаи андозбандӣ ва даромади буҷети давлат аз як тараф ва афзун гаштани қудрати пардохтпазирии низоми бонкӣ, паст фуровардани фоизи қарзӣ ва муҳлати он хоҳанд гашт.
Мӯҳр