Дар Душанбе як саррофро ғорат кардаанд.
Тибқи иттилои ВКД, масъули нуқтаи мубодилаи асъорро, ки дар бозори «Ганҷина» ба ин амал машғул буд, бо корд захмӣ карда, як халтаи селофаниро, ки дар дохилаш маблағи зиёд дошт, рабудаанд. Ин ҳодиса шаби гузашта, тахминан соати 21.30 ба вуқӯъ пайвастааст. Зимнан, ҷабрдида Иброҳим Сафаров 33 сола, дар маркази миллии табобати ҷумҳурӣ бо захми халида ва буридаи қафаси сина ва шикам аз тарафи чап, дасти рост аз оринҷ боло бистарӣ гардид. Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шахсони номаълум дар даромадгоҳи манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Н.Ганҷавӣ, хонаи 464/2, ҳуҷраи 16 бо корд ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидаанд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Мӯҳр