Пӯлот Атобоев, коргардони маъруфи театр ва яке аз фаъолони ҷунбиши мухолифи "Халқ майдонӣ"-и Қазоқистон боздошт шуд.
Тавре расонаҳои қазоқӣ менависанд, пас аз ӯ, Жамбулат Мамай, раҳбари созмони ҷавонони мавсум ба "Рух пен тил", низ рӯзи ҷумъаи 15 июн дастгир шудааст. Ин ҳарду аз сӯйи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба таҳрики мардум ба беназмии иҷтимоӣ муттаҳам шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Олия Турусбекова, вакили мудофеи ҳизби мухолифи "Олға" иттилоъ додааст, ки додгоҳе дар Алмаато пас аз он ки Атобоев ва Мамай аз ширкат дар ҷаласоти бозпурсӣ худдорӣ карданд, дастури ҳабси онҳоро содир кардааст. Онҳо феълан дар боздоштгоҳи амниятӣ ба сар мебаранд.
Дар моҳи январ додситони кулли Қазоқистон эълом карда буд, ки афроди ҷудогона коргарони барканоршуда дар Жоноузенро ба идомаи эътирозот алайҳи давлат ташвиқ кардаанд.
Мӯҳр