Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон сабаби таъхиркориҳоро дар ҷалби сармоя ва амалисозии бархе аз лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Нурободро ба манфиатҳои миллӣ рабт медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ аз вазорати мазкур зимни интихоби сармоягузор, низоми сармоягузорие интихоб мешавад, ки ба манфиатҳои миллӣ ҷавобгӯй бошад. Таҳлилгарони вазорати мазкур дар ҳоли ҳозир усули беҳтарини сармоягузориро ба лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, усусли «биотӣ» меҳисобанд, ки сармоягузор баъди сохтмони иншоот, як муддати муайян онро истифода карда, баъдан комилан ба дасти давлати Тоҷикистон месупорад.
Айни ҳол бо ин усул дар Тоҷикистон, нерӯгоҳи «Сангтӯда - 2» сохта шуда истодааст. Эрон ба нерӯгоҳи мазкур 180 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда, баъди 12,5 соли истифодбарӣ ва рӯйпӯш кардани хароҷоташ, онро комилан ба ихтиёри Тоҷикистон месупорад.
Ба гуфтаи таҳлилгарони Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, сармоягузори нерӯгоҳи «Нуробод - 1», ки истеҳсоли солонаи барқаш 1,2 миллиард килловат/соатро ташкил хоҳад дод, метавонад тамоми хароҷоташро дар давоми 11 сол рӯйпӯш кунад, агар ҳар киловатти истеҳсолкардаашро бар ивази 3,5 сенти амрикоӣ ба фурӯш гузорад. Айни ҳол ширкати «Барқи тоҷик» як килловати барқро ба хориҷа бар ивази 3,57 сент фурӯхта истодааст.
Мӯҳр