Давлат Ҳабибов, раиси Асосиатсияи рушди саноати сайёҳии Тоҷикистон, ҳамла ва ғорати сайёҳонро, ки вақтҳои охир дар Тоҷикистон сар мезананд, муъҷиби пастшавии обрӯи мамлакат дар бозори сайёҳии ҷаҳон арзёбӣ мекунад.
Маврид ба ёдоварист, чанд рӯз пеш ҳолати дуздии амволи сайёҳон дар километри 40 –уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд сурат гирифта буд.
Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, шахсони номаълум санаи 11 –уми моҳи соли равон дар мавзеи Ҳушёрӣ бо роҳи зӯроварӣ аз дасти ду шаҳрванди Ҳолландия 800 доллари амрикоӣ, 120 сомонӣ, як адад дастгоҳи аккосӣ, як адад «Ноутбук», телефони мобилии тамғаи «Нокиа» ва 5 адад кортҳои пластикиро кашида гирифтаанд.
Ба гуфтаи Ҳабибов оддист, ки ҳар сайёҳ бояд аз кишварамон хотираю ёддоштҳои хуб барад, то бозгардаду дигаронро ҳам ба сафари Тоҷикистон талқин намояд: «Аммо вақте сайёҳ дар кишвар мавриди ғорату дуздӣ қарор мегирад ва аз кишвар бо табъи хира меравад, ин ба зарари рушди саноати сайёҳии Тоҷикистон аст».
Ҳабибов мегӯяд, барои коҳиши таъсири манфии чунин ҳодисаҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, фавран барои дарёфти гунаҳкорон чораҷӯӣ намоянду амволи сайёҳро бозгардонанд.
Мӯҳр