Маҷмуа шомили намунаҳои беҳтарин ва шавқангезтарин ашъори бачагонаи тоҷик аст, ки мутааллиқ ба А.Деҳотӣ, Ғ.Мирзо, Г.Сулаймонӣ, У.Раҷаб ва осори шифоҳии мардум мебошад.
Рассомон падару писар Сулаймон ва Озар Шарифӣ дар ороиши китоб аз рангҳои равшан ва шод истифода кардаанд, ҳама касу ҳама чиз дар мусаввараҳои онҳо дар ҳоли ҳаракат ва зиндагист, ки ҳамроҳ бо шеърҳои дилангез завқи зебоиписандӣ ва адабии кўдаконро парвариш медиҳад ва зеҳни онҳоро таҳрик мебахшад.
Маҷмўа аз тариқи нашриёти «Ирфон» ва бо тиражи 5 ҳазор нусха дар яке аз чопхонаҳои Ҳонконг чоп шуда ва барои нахустин бор дар китоби бачагонаи тоҷикӣ аз муқоваи махсуси нарм ва коѓази картонӣ истифода гардидааст, ки умри китобро тўлонӣ менамояд.
Ин китоб, ки «Саги сиёҳи майда, гурбачаи думҳалқа, гелоси зарди саврӣ» ном дорад, бо ибтикор ва эҳтимоми соҳибкори тоҷик Абдухалил Холиқов чоп шудааст.
Ва аммо чунон ки мегўянд, шунидан кай бувад монанди дидан ва «мушк он аст, ки худ бибўяд, на он ки аттор бигўяд».{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |