Лутфулло Фурӯзанда, муовини райисҷумҳури исломии Эрон ба Душанбе меояд.
Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд. Тибқи хабари сарчашма, дар пойтахти ҷумҳурӣ мулоқоти ӯ бо раҳбарони олирутбаи кишвар ва масъулини ҳукумат дар назар аст.
Ҳамзамон, ба шеваи сафари ҷаноби Фурузанда ва мӯҳтавои боздиди он кас чизи дигаре илова накарданд.Маврид ба тазаккур аст, ки тайи 20 соли ахир муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Эрон рӯ ба рушд дорад ва раҳбарони ҷумҳуриҳои ҳамзабону ҳамдин аз вазъи ин ҳамкориҳо қаноатманданд
Мӯҳр