Мо боварӣ дорем, ки ҳар як соҳибкор дар фаъолияти ин ташкилот манфиатҳои миллӣ, шаҳрвандӣ, тиҷоратӣ ва шахсии худро меёбад.
Дар ин бора Зайд Саидов, райиси тозаинтихоби Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе иброз дошт.
Дар ҳамойиш қайд гардид, ки муттаҳид намудани зарфиятҳо ва талошҳои иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз самтҳои стратегии рушди соҳибкорӣ ва демократисозии ҷомеа буда, дастёбӣ ба он ҳадафи меҳварии фаъолияти Шӯрои ҳамҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон (ШҲАСИҶТ) мебошад. Зайд Саидов ба соҳибкорони ватанӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар муроҷиат намуда гуфт, ки муттаҳид шаванд, мавқеи ягона ва созандаи бизнеси Тоҷикистонро ташаккул диҳанд.
-Мақсади асосии мо муайян намудани самтҳои асосии рушди соҳибкории ватанӣ, саҳмгузории соҳибкорон дар рушди кишвар ва таъмини зиндагии беҳтари мардуми Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва солим гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузории мустақими хориҷию дохилист,-афзуд Саидов.
Мӯҳр