Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соҳиби боз як ҳавопаймои Боинг 737-300 гардид.
Хадамоти матбуоти ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки тайёраи мазкур тариқи лизинги молиявӣ харидорӣ шуда, он 149 ҷойи нишаст дорад.
Манбаъ мегӯяд, дар мавриди дастрас кардани ин ҳавопаймо миёни ширкати «Сомон Эйр» ва «Boeing Capital Corporation» гуфтушунид анҷом пазируфт.Мақомоти раҳбарии ширкат тасмим гирифтааст, ки ҳавопаймои навро ба исми Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Нусратулло Махсум номгузорӣ кунад. Айни замондар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дорои 6 киштии мусофиркаш- ду Боинги 737-900, ду Боинги 7337-800 ва ду Боинги 737-300 аст.
Мӯҳр