Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои марҳилаи дуюми барномаи беҳбуди таъмини об дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба Тоҷикистон нӯҳ миллиону шашсад ҳазор доллар ҷудо кардааст.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз сафорати ин кишвар дар Душанбе иттилоъ доданд. Бино ба иттилоъи расида, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Ёшихиро Накаяма дар бораи тахсиси ин кӯмаки бебозгашт санадеро ба имзо расонданд.Дар чаҳорчӯби ин барнома дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон низоми вижаи интиқоли об бунёд мешавад, ки дастрасии сокинонро ба оби ошомиданӣ таъмин мекунад.
Мӯҳр