Кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Турсунзода бо ҷурми қаллобӣ зани 46- соларо боздошт кардаанд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт Нурхол Хуҷамбердиева, сокини деҳаи Заркамар дастгир гардид.
Манбаъ мегӯяд, ин бону бо роҳи фиреб ба боварии роҳбарияти ҶДММ «Умед-88» даромада, 23 тоннаю 60 литр сӯзишвории бензинро, ки арзишаш 161.677 сомониро ташкил медиҳад, аз они худ намуда ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.
Айни замон нисбати Нурхол Хуҷамбердиева парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр