«Барои мо аз ҳама мушкил ҷамъоварии маблағ аз идораи хоҷагии об мебошад. Зеро хоҷагиҳои кишоварзии навоҳӣ ба ин идора ҳаққи оби истифодашударо намедиҳанд ва дар мавриди худ, идораи хоҷагии об маблағи пардохти ҳаққи қарзи барқро надорад. Аз аввали соли ҷорӣ инҷониб ҳамин идора ба маблағи 641-ҳазор сомонӣ барқ истифода бурдаву ҳамагӣ 10-ҳазори онро тавонист пардохт намояду бас», мегӯяд Исмоилов. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои манбаъ, қиммати нерӯи барқ барои идораи хоҷагии об ҳамагӣ 1,5-дирам барои 1-кВт/с будааст.
Аҳолӣ бошад, акнун барои пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дигар коҳилӣ намекунанд. Баъзан иллат сари фаолияти нохуби назоратчиҳо мерафт, ки дар аксари маврид қисмати зиёди расидҳои пардохти маблағ ба корхона ворид намегардид. Бо ҳамин айб, соли гузашта 82 нафар аз назоратчиён дар ҳамаи навоҳии минтақа аз кор ронда шудаанд.
Ҷаноби Исмоилов гуфт, ҳар моҳ аз ҷониби аҳолӣ пардохти маблағи барқ зиёд мегардад. Агар моҳи январи ҳамин сол пардохти ҳаққи барқ аз аҳолӣ каме бештар аз 60-дарсадро ташкил медод, пас дар моҳи май аллакай пардохти он ба зиёда аз 120-фойиз расид.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |