Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД иттилоъ доданд.
Тибқи иттилоъи сарчашмаи хабар, шаби 11-уми июн, тахминан соати 22:30 ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Ҳисор, дар ҳудуди ҷамоати «Сарикиштӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда пиёдагард, Шерзод Насриддинови 28 сола, сокини деҳаи Конститутсияро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар касалхона ба ҳалокат расидааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин ҷиноят аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Вектра» рақами қайди давлатиаш ЕВ 10-57 01 РТ, Ҳакимҷон Насриддинови 41- сола, сокини ноҳияи Ҳисор содир шудааст.
Мӯҳр