Бар асари садамаи нақлиётӣ як бону аз ангушти дасти худ маҳрум гашт. Гуфта мешавад, ин хонум, ки ҳамагӣ 21-сол дорад,
дар пайи сониҳа ва баъдан лату кӯб ангушташро аз даст додааст. Тибқи иттилои пулиси Маскав, ронандаи озарӣ, ки сабабгори рух додани садама мегардад, ҳамроҳ бо 5 нафар ҳамватанаш аз сӯи издиҳоми беш аз 60 нафараи русҳо ончунон мавриди латукӯб қарор мегиранд, ки дигар онҳоро шинохта намешавад. Бо кӯмаки пулис баъди 2 соат ин занозанӣ бартараф карда шуда, маҷрӯҳони озарӣ ба бемористон интқол дода мешаванд. Дар ҳамин ҳол мақомоти интизомии Маскав аз афзойиши ҳодисаҳои қасоситонӣ ва ҷазодиҳии худсарона миёни мардум дар ҷойи садама нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд ин барои аввалин бор нест, ки чунин ҳодиса рух медиҳад. Бино ба маълумоти пулиси шаҳри Маскав чанде пеш писари сардори Маъмурияти минтақаи марказии Маскав ҷавонеро, ки бо велосипедаш мошини "Лексуса GS300" -ашро харошида буд, луткӯб кард. Дар натиҷа тарафдорони ҳарду тараф занозаниву бетартибии оммавӣ доир карданд, ва аз ҳарду тараф миқдори зиёд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, бо дастҳои шикаста ва сарҳои кафида ба беморхона бурда шудаанд.
Мӯҳр