Аз зуҳри имрӯз дастрасӣ ба сомонаи news.tj, ки мутаалиқ ба хабаргузории «Азия-Плюс» маҳдуд шуд.
Тибқи иттилои расида, ширкатҳои дастраскунандаи Интернет аз номи Хадамоти алоқа мактубе дарёфт кардаанд, ки дар он даъват шудааст, то дастрасӣ ба сомонаи мазкурро маҳдуд намоянд. Сабаби ин тасмим дар иллати техникӣ ва корҳои профилактикӣ унвон шудааст.
Дар ҳамин ҳол масъулини «Азия-Плюс» мегӯянд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қабл аз он ки ба ширкатҳои дастраскунандаи Интернет чунин амребидиҳад, онҳоро дар ҷараён нагузоштааст.
Мӯҳр